Варзиш ин солимии ҷомеъа ба шумор рафта, дар моҳи май Рӯзи Дави миллӣ дар ҷумҳурӣ эълон шудааст, ки ҳамасола дар тамоми гушаю канори кишвар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Рӯзи 17 майи соли 2018 дар шаҳри Панҷакент Рӯзи Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он дар қатори дигар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолона иштирок намуданд.
Чунончи дар "Дави миллӣ": Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси тарбияи ҷисмонии факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, шуъбаи рӯзона Холиқов Оқил сазовори ҷои якум, Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, шуъбаи рӯзона Исоқов Саидкамол ва омӯзгори фанни математика-информатика
Саидов Ғайрат сазовори ҷои дуюм гардиданд.