Озмуни байналхалқии "Великий Шелковый"
от Зиёвиддин Зулолиддини - 14.03.2018 Имрӯз озмуни байналхалқии "Великий Шелковый" дар чаҳорчӯбаи барномаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев дар Донишгоҳи иҷтимоӣ ва инноватсионии минтақавии Қазоқистон шуда гузашт. Дар ин озмун донишгоҳу донишкадаҳо ҳунарҳуои худро нишон доданд. Бояд қайд кард, ки ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ансорӣ М.Қ. бо сухани табрики ба ин озмун ҳусни ифтитоҳ бахшид (ба тариқи онлайн). Ӯ қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Бояд қайд кард, ки қисми якуми озмун Дар Қазоқистон барпо гардида Қисми дуюми он ба таври онлайн дар донишкада баргузор гардид ва аҳли иштирокчиёни озмуни байналмилалӣ ба хулоса омаданд, ки қисми 3-уми озмунро дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки меҳмонон дар моҳи август барпо менамоянд.
всего слов - 135