Озмун оид ба устариши ҳунарҳои миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
от Зиёвиддин Зулолиддини - Рӯзи 1 марти соли 2018 тибқи нақша чорабиниҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 дар Паёмашон соли 2018-ро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд озмуни донишкадавии "ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ" бо фарогирии донишҷӯён ва фаъолдухтарон баргузор гашт. Мақсад аз баргузории озмун густариши ҳунарҳои миллӣ, пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти беҳтарин донандагон ва пазандагони таомҳои қадима ва замонавӣ ва ба ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани ҳунари кадбонугии бонувон, ҷалби духтарон ба ҳунарҳои пазандагӣ,эҳёи таомҳои миллӣ ҷалби духтарон бонувони хонанишин ба корҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад.
всего слов - 114