Рушди фаъолияти иттилоотии донишҷўёни таҳсилоти фосилавӣ
Зиёвиддин Зулолиддини - Бо баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти иттилоотии донишҷўён (дар минтақаҳо)-и дурдаст дар низоми таҳсилоти фосилавӣ Семинар машварати амалӣ бо тадбиқи технологияи информатсионӣ дар минтақаҳои вилояти Суғд гузаронида шуд.
Давраи навбатии омӯзишии машғулияти компютерӣ барои донишҷӯёни курси 1-и дар минтақаҳои вилояти Суғд, ки аз 15-уми феврали соли равон оғоз шуда буд, 17-уми феврал бо натиҷаи хуб ба анҷом расид.
Ба донишҷӯён аз фанни Технологияи информатсионӣ Сардори бахши таҳсилоти фосилавӣ - Зулолиддини Зиёвиддин дарс гуфта ва дар рафти дарсҳо бо барномаҳои махсуси таҳсилоти фосилавӣ, супоридани модулҳо, иҷрои корҳои назоратӣ ба донишҷӯён омӯзонд ва қайд кард.
Донишҷӯён бояд аз технологияҳои иттилоотӣ, инчунин аз мақсади асосии системаҳои нармафзор огоҳ бошанд, ки ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа аз самаранок истифода бурдани технологияи информатсионӣ сахт вобастагӣ дорад.
Инчунин омӯзгор Сафаров Самандар дар бораи усулҳои омӯзиши Технологияи информатсионӣ, муайян намудани воҳидҳои асосии дидактикӣ бо мақсади омӯзиши технологияҳои нав, истифодаи модели иттилоотӣ сухан гуфт.
146字