Таҳсилоти фосилавӣ – тақозои замон
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 14 – ум то 16 – уми сентябр семинар – тренинг дар мавзӯи «Татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ тавассути истифодаи технологияи инноватсионии муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат, ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Федератсияи Россия Степанов В.В., сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ Дейнеко Е.А., директори маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳи мазкур Лютс С.В., муовинони ректор оид ба таълим, сардорони раёсати таълим, кормандон ва шахсони маъмурии марказҳои таҳсилоти фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Семинар – тренингро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмонону иштирокчиёнро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт.
Муовини вазири маориф ва илм Б.Одиназода ба ҳозирин мақсади баргузории семинар – тренингро баён карда иброз дошт, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати гузариш ба низоми фосилавии таълим, ки тақозои замон аст, истифодаи таҷрибаи Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Федератсияи Россия, ки бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои зич дорад, ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин ҷода, - гуфт ӯ, ДДТТ, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешоҳанги татбиқ намудани низоми кредитии таҳсилот маҳсуб меёбад, инчунин нахустин шуда дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақшаҳои таълимро барои шакли таҳсилоти фосилавӣ ба ҳамаи зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда, аз тарафи Вазири маориф ва илм тасдиқ гардиданд. Дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва унсурҳои техникию технологӣ дар донишгоҳ барои татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ омода гардидаанд.
Муовини вазир афзуд, ки мо корро дар самти ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ кайҳо оғоз намуда будем ва ташрифи меҳмонони имрӯза ба кори семинар – тренинг такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Бояд гуфт, ки низоми таҳсилоти фосилавӣ бартариҳои зиёд дошта, аксар кишварҳо онро қабул кардаанд. Аз ҷумла, намояндагони Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белорус низ онро ҷонибдорӣ намуданд.
Тавре Бозоралӣ Неъмат иброз дошт, минбаъд таҳсилоти ғоибона 4 солро дар бар мегирад. Вобаста ба ин, дар базаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи якчанд ихтисос ба таври пилотӣ низоми таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда мешавад. Аллакай як барнома аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ омода карда шудааст.
-Албатта, ҳар як низом, - гуфт муовини вазир,-дар аввал душвориҳои худро дорад, тавре ҳамагон огоҳанд, омӯзиши низоми кредитии таҳсилот дар макотиби олии кишвар даҳ сол давом кард. Барои таҳияи барномаи муккамали низоми фосилавӣ ҳар як муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, чунки ин минбаъд ба афзалияти рейтингии муассисаи мазкур таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, итминони комил дорам, ки душвориҳоро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл намуда дар тарзи таҳсилоти фосилавӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.
Ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир, профессор Степанов Владимир Валентинович зимни суханронӣ нахуст аз хусуси ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти кишвар, Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хирадмандию дурандешӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи ба соҳаи маориф, инчунин тақозои замони муосир ёдовар шуда, барои ҳамкорӣ ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид изҳори сипос намуда, аз вусъати ҳамкориҳои илмӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда иброз дошт, ки семинар тӯли се рӯз идома ёфта, иштирокчиён (онҳое, ки барномаҳоро аз худ мекунанд), соҳиби сертификат мегарданд.
Тавре В.В. Степанов қайд намуд, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 200 миллион нафар бо тарзи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Дар кишвари Россия бошад, 1200 мактаби олӣ таҳсилро тибқи ин низом ба роҳ мондааст. Низоми мазкур, бахусус, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хеле хуб роҳандозӣ шудааст.
Владимир Валентинович ба ҳозирин аз хусуси шарту шароитҳои таълими фосилавӣ дар Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир, аҳамияту бартариҳои ин низом ҳарф зада, изҳори умед кард, ки низоми мазкур дар макотиби олии Тоҷикистон ба зудӣ татбиқи худро меёбад.
Дар баробари ҷамъбасти семинар-тренинг 38 нафар иштирокчӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соҳиби сертификати намунаи Федератсияи Россия гардиданд.