Рӯзи китоб
аз Зиёвиддин Зулолиддини - Бахшида ба рузи китоб 4-уми сентябр дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҷамъомади пуршукуҳ доир гардид. Факултети филология , ки аз созмондиҳандагони асосии ин ҷамъомад ба ҳисоб меравад, мақсади баргузории онро дар ҷалби донишҷӯён ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маънидод намуд.
Ҳамагӣ калимаҳо - 79