Сӯҳбати Сардори ШВКД- шаҳри Панҷакент Ҷаъфарзода М. бо донишҷӯёни Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
от Зиёвиддин Зулолиддини - Санаи 9-уми октябри соли 2018, Сардори ШВКД- шаҳри Панҷакент Ҷаъфарзода М. дар қасри Ҷавонон бо 500-нафар донишҷӯёни Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оид ба масоили мубрами мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мулоқот кард. Дар рафти чамъомад тадбирҳои амалӣ сохтани пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Пиромуни маърӯзаҳо аз ҷониби иштирокчиён фикру андешаҳои ҷолибу судманд изҳор карда шуд.
Чамъомадро ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ансорӣ М.Қ ҷамъбаст карда, ба иштирокчиён барои ширкати фаъолона ва ибрози фикру андешаҳои арзишманд изҳори сипос намуд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда сурат гирифт.
всего слов - 107