Таҷлили Иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Геологҳо
Зиёвиддин Зулолиддини tomonidan - Санаи 05.10.2018 с. дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба муносибати Иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ- маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишкада, профессор Ансорӣ М.Қ. баромад карда зикр намуд, ки омӯзгор дар ҳар давру замон баҳри рушду такомули маънавиёти башар талош варзида, ҳама гуна дастоварду пешравӣ дар ҷабҳаҳои гуногун аз хазинаи маънавию илмии муаллим – омӯзгор сарчашма мегирад.
Ансорӣ М.Қ. дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки омӯзиши забони модарӣ ҳанўз аз хонавода оғоз мегардад ва пеш аз ҳама аз падару модар ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон ва дар тарбияи наслҳо тақозо менамояд.
Дар охир барои омӯзгорони пешқадам ва саҳмгузор дар таълиму тарбия аз тарафи иттифоқи касабаи донишкада тӯҳфаҳо тақдим гардид.
126 jami so'zlar