Сафи олимони ҷавон меафзояд.
от Зиёвиддин Зулолиддини - 27.02.2019 Рӯз аз рӯз дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сафи номзадҳои илм, докторант ва проффессорон афзуда истодааст. Бояд қайд кард, ки дар давоми 2-моҳ 2-нафар устодон Абдуллоев Ш. ва Шарипова Г. рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Мо ШАРИПОВА Г.-ро бо ин муваффақияти илмӣ табрик карда, ба ӯ дар корҳои илмию эҷодӣ ва ҳаётию касбиаш таманнои бурдбориҳо дорем.
Донишкада умедвор аст, ки дар Шӯроҳои навтаъсиси миллӣ олимони ҷавон рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмию тадқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти техникаву технология, рушди иқтисодиёти кишвар ва васеъгардонии фазои илмию эҷодии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
всего слов - 97