Озмун миёни донишҷӯёни бахши фосилавии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони “Дастони моҳир”
Зиёвиддин Зулолиддини - Бахшида ба соли "Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" миёни донишҷӯёни бахши
фосилавии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент озмун таҳти унвони “Дастони моҳир” гузаронида мешавад, ки дар он донишҷӯён
ҳунарҳои сузанӣ ва дастии худро пешниҳод мекунанд.
Тибқи талаботи озмун хоҳишмандон метавонанд ҳунарҳои
дастии худро пешниҳод кунанд.
Муҳлати қабули ҳунарҳои дастӣ то 1-уми июн
муқаррар карда шудааст. ғолибони озмун бо димлом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 250
сомонӣ (ҷойи якум), 200 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 150 сомонӣ (ҷойи сеюм) ва дигар
иштирокчиён бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуда ба онҳо имтиёзҳо дода
мешавад.
Инчунин ҳунарҳои дастии донишҷӯён бо
зернавишти ном ва насаби онҳо дар лавҳаи махсус ба намоиш гузошта мешавад.
Талаботҳои
озмун
1. Нақшҳои сӯзанӣ ва ҳунарҳои
дастӣ хусусияти хос ва андозаи мухталиф дошта бошанд.
2. Нақшбандии сӯзаниҳои зиндагӣ
ва ҳунарҳои дастӣ бо мавқеи зист.
3. Ороиши бадеии зардӯзӣ ва қолинбофӣ
4. Дигар ҳунарҳои дастии ва
ороиши ки дар рӯзгор истифода мешаванд.
Дар озмун ҳайати ҳакамон ба назар мегиранд,
то ки сӯзанидӯзиҳо:
- Рангҳои назаррабо
- Нақшҳои қадимаи пурмазмун
- Рангомезии хос
рамзи донишкада, рамзи маркази таҳсилоти фосилавӣ, кӯҳсорони сарбафалакашидаи
Тоҷикистон, инъикос кардани таърихи халқи тоҷик
дар сӯзандӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бартариҳо дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти
маълумоти иловагӣ ба рақамҳои (+9923475) 5-40 -20, 5 - 40- 51 ва 927740806 тамос бигиранд.
194字
Re: Озмун миёни донишҷӯёни бахши фосилавии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони “Дастони моҳир”
Зиёвиддин Зулолиддини - Бенихоят оличаноб
2字