Курси омӯзиши компютер ва системаи таҳсилоти фосилавӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.
by Зиёвиддин Зулолиддини - Курси
омӯзиши компютер, ва системаи таҳсилоти фосилавӣ дар Донишкадаи омӯзгории
Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.
Омӯзиши электронӣ– системаи ҳуҷҷатгузории меъёрӣ ва таълимӣ- методӣ,
воситаҳои таълим ва назорат мебошад, ки мувофиқи нақшаи таълимӣ барои ташкили хушсифати
барномаҳои асосӣ ва иловагии маълумотгирӣ зарурӣ ва кифоягӣ мебошанд.
Бояд қайд кард, ки донишҷӯёни фосилави гурӯҳи якум аз санаи 02.09.2018 то
15.09.2018 ва гурӯҳи дуюм аз анаи 16.09.2018 то 26.09.2019 курси омӯзиши компютер ва системаи таҳсилоти фосилавӣро аз худ карда
истодаанд.
Имрузҳо дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таъмини
маводҳои электронӣ барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ ва рӯзона бо сатҳи
баланд қарор дорад. Масъулин мекушанд, барои донишҷӯён ҳарчи фаҳмо ва қулайтар
маводҳои электрониро таъмин кунанд.
Дар системаи
таҳсилоти фосилавӣ бояд аз ҳамаи фанҳои таълимӣ барои донишҷӯён бо назардошти
зарурияти баланд бардоштани сифати маводи азхудшавандаи таълимӣ мувофиқи
талаботи стандарти давлатӣ тайёр карда шавад.
Мақсади асосии
сохтани портали омӯзиши барои донишҷӯёни фосилавӣ (fosilavi.dotpanj.tj, online.dotpanj.tj)
ва рӯзона( 192.168.10.10) – ин ба донишҷӯ пешниҳод намудани маҷмӯи пурраи маводҳои
таълимӣ-методӣ барои омӯзиши мустақилона фан мебошад.
167 words