Табрикот оид ба Соли нави мелодии 2019
от Зиёвиддин Зулолиддини - Донишҷӯён ва Кормандони Азиз!
Раёсат ва ҳайати профессорону
омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории
Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2019
самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон фазои орому осуда, рӯзгори обод ва
хушҳоливу хушрӯзӣ таманно менамояд. Соле,
ки сипарӣ мегардад, аз баракати сулҳу суботи комил ва ваҳдату ҳамдилӣ дар
хотираи ҳар яки мо соли таърихиву бобарор ва амалӣ шудани умеду орзуҳои неку
созанда боқӣ мемонад. Зеро дар соли 2018 орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар
- ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - нерӯгоҳи барқи
обии «Роғун» амалӣ гардид. Таманнои онро дорем, ки соли 2019 низ барои Шумо ва
тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли музаффарияту комёбиҳо
гардида, дар самти рушду нумуъ ва ободиву бунёдкорӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати
хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
баҳри шукуфоии Ватани азизамон нерӯву тавони тоза бахшад! Соли нави мелодӣ
муборак! Бо эҳтироми самимӣ, Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.
всего слов - 154