Конференсияи илмӣ-амалии Ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Масоили рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шароити муосир дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Зиёвиддин Зулолиддини -
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
М. Қ. Ансорӣ
Ректори ДОТП
Туризм падидаи
мураккаби иќтисодию иҷтимоии замони муосир
буда, вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии
аҳолӣ рушд меёбад.
Бахши туризм чун дигар соҳаҳои
хоҷагии халќ дар баробари рушди тамаддуни инсонӣ
тағйирёбанда буда, он навгониҳои
ҳаёти муосирро таҷассум менамояд.
Соли 1998 Созмони умумиҷаҳонии
туристӣ иттилоъ додааст, ки туризм дар содироти
молу хадамот маќоми аввалро касб намудааст.
Аз ҷониби Асосгузори
сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳам дар ростои худшиносию худогоҳии таърихию фарҳангию ҳунарии мардуми тоҷик мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар Паём чунин таъкид намуданд: “Фарҳанг гаронбаҳотарин мероси миллат аст. Ва вақти он расидааст, ки тамоми миллат, аз хурд то бузург, бори дигар аз буда беш ба фарҳангу маданияти милливу аҷдодии хеш эҳтиром намуда, барои ҳифзу пойдорӣ ва аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, шаҳрдориву кишвардорӣ ва фарҳангу фарҳангдорӣ камари ҳиммат бубанданд. Моро зарур аст, ки ба қадри ҳар як ваҷаб хоки поки ин Модар-Ватан бирасем, ёдгориҳои таърихии худро ҳифз ва
посдорӣ кунем ва касбу ҳунарҳои асили мардумиамонро аз нав эҳё намоем. Ҷаҳониён аз азал моро тавассути таърихи басо қадимӣ ва фарҳанги зарринамон мешиносанд, ки ин неъмати бебаҳост. Пас, бояд аз ҳозир ба қадри ин неъматҳои моддӣ ва маънавӣ бирасем. Сарзамини тоҷикон ҷаннати рӯйи замин аст, пас бояд мо имрӯз бо тамоми шоистагиаш ин марзи биҳиштии хешро ба тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем”.
Воқеан рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор меравад. Пешравии соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон яке аз соҳаҳои бағоят муҳиме мебошад, ки он ҳам метавонад ба буҷаи давлат маблағ ворид кунад ва ҳам метавонад фарҳангу маданияти қадимаи моро ба ҷаҳониён, яъне ба сайёҳону сармоядорону сармоягузорони хориҷӣ муаррифӣ ва ошно намояд. Бисёре аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла, кишварҳои аврупоии Франсия, Италия, Испаниё, Юнон, Англия, Германия, Швейтсария, Туркия, кишвари аврупоии шарқии Россия, мамолики Араб, кишварҳои Шарқ ва Осиёӣ, Чин, Малайзия, Сингапур, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Австралия, Америкаи
Лотинӣ ва Шимолӣ аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ ва туризм хеле тараққӣ кардаанд.
Пешниҳоди хирадмандонаи Пешвои миллатамон моро бедор ва вазифадор мекунад, ки ба ҷаҳониён фарҳангу маданияти мардум ва мамлакати офтобии худро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ намоем. Тоҷикистони азизи мо барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро доро мебошад. Кӯҳҳои осмонбӯсу пурбарор, рӯду чашмаҳои обашон поку гуворо, обҳои шифобахш, манзараҳои дилфиреб, ҳайвоноту парандагони нодир, садҳо намуд меваҷоту сабзавоти болаззат, кӯлу дарёҳои кӯҳии зебо, ёдгориҳои таърихии зебои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашту Ҳисор имконият ва заминаҳои хуби худододаанд барои рушди соҳаи сайёҳӣ.
Дар
баробари соҳаи сайёҳӣ рушду нумӯ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ яке аз соҳаҳои хуби пешрафти ҷомеа ва инкишофи саноати хурди маҳаллӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидани мардум, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳбудии вазъи моддӣ ва маънавии ҳар хонадон мебошад. Дар гузашта бештари мардуми мо аҳли касбу ҳунарҳои гуногун буданд ва бо касбу ҳунарҳояшон дар байни мардуми хеш ва хориҷ аз он шуҳрат ва обрӯ доштанд. Аз қадимулайём мо, тоҷиконро ҷаҳониён аз рӯйи фарҳанги пешрафта, касбу ҳунарҳои нодири мардумӣ, фарҳанги баланди шаҳрдориву шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, тамаддунсозӣ, китобу китобдорӣ, илму маърифат, ахлоқу адаб ва маданияти пешрафта, меҳмоннавозиву чеҳраи кушоду донишмандиву порсоӣ ва асилзодагӣ шинохтаанду мешиносанд. Дастурот ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ба он водор месозанд, ки дар баробари саноати вазнини муосир ба ҳама гуна касбу ҳунарҳои дастии мардумӣ умри дубора бахшем.
Мардумон ба аслу решаи худ бармегарданд, гузаштаи худро бозҷӯйӣ мекунанд, то аз диди имрӯз асолати гузаштаи худро ба даст оварда бошанд:
Сайқалгари оинаи таҷдид қадим аст,
Натвон ба
навӣ ғофил аз сози куҳан рафт.
(Бедил)
Худшиносии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ҳамон вақт ба зинаи баланди худ мерасад, ки агар мардум дар фикри шинохти таърихи тамаддун, санъат, забону адабиёт, ҳунар ва ёдгориҳое, ки дар тӯли таърих ба вуҷуд омада, ҳифз шуда, ба мо расидаанд, бошанд ва барои нигаҳдории онҳо иқдомоти зарурӣ бикунанд. Решаи ниҳоли андешаи хештаншиносӣ маҳз дар марзи фарҳанги миллӣ сабзиш ёфта, нумӯъ мекунад. Рӯ ба андешаи хештаншиносӣ овардан, яъне асли худро бозҷӯӣ кардан аст:
Эй хуш он
қавме, ки ҷони ӯ тапид,
Аз гили
худ хешро боз офарид.
(Аллома Иқбол)
Ҳар халқу миллатеро фарҳанги ӯ ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолият 26 сол аст, ки мардуми куҳанфарҳангу куҳанбунёду куҳаннажоду фарҳангдору тамаддунофари тоҷик фарҳанги хешро бо сари баланд ба тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ доранд.
Хулоса,
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҷиҳати ҳамоҳангӣ ва рушди устувори сохторҳои ҷомеа, ҳамгироии ҳизматрасониҳо, ташаккули заминаҳою имкониятҳои нав ва муосири иқтисодӣ, иҷтимоии иқтисодӣ ва фарҳангии маънавӣ, ки иштирок ва саҳми ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро дар ин иқдом тақозо мекунад, фурсати бисёр муносиб мебошад.
790字