Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)
аз Зиёвиддин Зулолиддини -
Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)
Эссе – аз калимаи лотинии «exagium» (санҷиш) ва франсавӣ «essai» (кӯшиш, ҷустуҷӯ; таҳлил) гирифта шуда, ба маънои очерк ҳам меояд. Яъне, эссе як навъи очерк аст ва онро иншои мухтасар (кӯтоҳ) низ гуфтан мумкин аст. Ҳангоми навиштани ин гуна иншо хонанда дар баёни фикр озод аст: ӯ андешаи худро доир ба мавзӯи пешниҳодшуда мухтасар ва асоснок (бо далел) баён мекунад. Дар эссе ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф (эссенавис) доир ба ягон мавзӯи иҷтимоӣ ва ё фарҳангию таърихӣ инъикос меёбад.
Дар феҳрасти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ин гуна иншо бо ибораи “кори хаттӣ (эссе)”ном бурда мешавад.
Мақсад аз ворид намудани кори хаттӣ (эссе) ба таҳсилоти фосилавӣ муайян намудани маҳорати дарк ва баррасии мустақилонаи масъала, хулосабарорӣ, баёни дуруст ва мураттаби фикри донишҷӯён аст.
Донишҷӯ дар навиштани эссе (дар баррасии мавзӯъ) бояд аз пургӯйӣ, истифодаи калимаю ибораҳои номафҳум (мушкилфаҳм) ва вожаҳои шевагӣ, калимаю ифодаҳои бегона, ки ба меъёри забони адабӣ мувофиқ нестанд, худдорӣ намояд. Аммо, дар баробари ин метавонад воситаҳои таъсирбахши луғавӣ, фразеологӣ, санъатҳои маънавӣ ва лафзии сухан (тавсиф, маҷоз, ташбеҳ, муболиға, таҷнис, такрор), савол ва нидои риторикӣ, ибораву ҷумлаҳои ҳамвазну ҳамсохт ва монанди инҳоро ба кор барад.
Сохтори эссеро асосан аз рӯйи мавзӯъ ва талабот чунин муайян намудаанд:
• сарсухан;
• қисми асосӣ:
- тезис, далелҳо,
• хулоса.
Вобаста ба ин муаллиф фикрашро дар як сарсухани кӯтоҳ, тезисҳои мухтасар (мулоҳизаронӣ, баёни мухтасари фикр) ва хулоса ифода менамояд. Ӯ дар ҳар тезис (Тезис мазмуни асосӣ (ё мулоҳизаронӣ) аст, ки исботро талаб менамояд. Барои тасдиқи мулоҳиза (ё андеша) далелу санади дуруст оварда мешавад. Барои дурустии фикраш далели мантиқӣ меорад. Агар барои ҳар тезис 1-2 далел оварда шавад, андешаронии муаллиф мукаммал, бамаънӣ, мантиқӣ ва мавзӯъ пурра баррасишуда ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, бояд фаромӯш накунем, ки пурра будани эссе (ҳаматарафа баррасӣ шудани мавзӯъ) ба пайванди мантиқии сарсухан, тезисҳо ва хулоса вобаста аст.
Ҳангоми навиштани эссе ба назар гирифтани чанд нукта зарур аст.
1. Масъалагузорӣ (ё гузоштани савол) дар сарсухан: “Мехоҳам доир ба ин масъала андешаамро баён намоям”, “Моҳияти масъалаи гузошташуда аз чӣ иборат аст?”, “Барои чӣ ин мавзӯъ муҳим аст?”, “Ман ба ин ақида (ё сухани овардашуда) розиям”, “Ман ба ин андеша (ё гуфта) розӣ шуда наметавонам” ва монанди инҳо.
2. Аз сатри нав сар карда навиштани ҳар тезис дар қисми асосӣ. Дар ҳар тезис масъалаи гузошташуда бо тартиб таҳлил ва бо далелу санад исбот карда мешавад. Далелҳо бояд равшану фаҳмо ва мулоҳизарониҳо мантиқӣ бошанд, пайванди мантиқию маъноии байни тезисҳо риоя шавад.
3. Таъкид дар хулоса: “Аз таҳлили мавзӯъ чунин хулоса бармеояд, ки ...”, “Ман ба чунин хулоса омадам, ки ...”, “Таъкид бояд кард, ки ...” ва монанди инҳо. Хулоса ҷамъбасти фикр ва бо таъкиди андешаи асосӣ бозгашт ба сарсухан аст (пайванди мантиқӣ байни сарсухан ва хулоса).
Муҳим ин аст, ки эссенавис бояд андешаашро бо як тартиби муайян баён намояд. Аз такрори зиёди маънӣ, дароз кардани сухан (суханбозиҳои беҳуда) ва овардани далелҳое, ки ба мавзӯъ мувофиқ нестанд, худдорӣ намояд. Агар ин масъалаҳо дар навиштани эссе ба назар гирифта шаванд, онро ба талабот мувофиқҳисобида, ҳангоми тафтиш аз рӯйи меъёрҳои муайяншуда ба он холгузорӣ карда мешавад.
Ҳамагӣ калимаҳо - 500