Маҷлиси курсии донишҷӯёни курси 1-уми факултети фосилавӣ -ғоибона
аз Зиёвиддин Зулолиддини - Маҷлиси курсии донишҷӯёни курси 1-уми факултети фосилавӣ -ғоибона
Аз ҷониби декан Худойназаров М. рӯзи 9 январи соли 2018 бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети фосилавӣ-ғоибона маҷлиси курсӣ гузаронида шуд. Дар маҷлис бо донишҷӯён муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал баррасӣ карда шуд. Матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзномаи донишгоҳии «Ворисони Сино» чоп карда шудааст, дастраси донишҷӯён карда шуд.
Инчунин, доир ба сатҳу сифати донишандӯзӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, давомот ба дарсҳо, иҷрои корҳои мустақилона, риояи тартиботи дохилии донишкадавӣ, аҳлоқу интизом ва имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 бо донишҷӯён сӯҳбат гузаронида шуд.
Донишҷӯён бо қоидаҳо ва ҷадвали супоридани имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 дар Маркази ягонаи тестии донишкада шинос карда шуданд.
Бо донишҷӯён оид ба баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию миллатпарварӣ, гиромӣ доштани муқадассоти миллӣ, садоқат ба ватану халқи азизамон, ба донишгоҳ, зиракии сиёсӣ, қатъӣ риоя кардани тартиботи дохилии донишкадавӣ, риояи сару либос, намуди зоҳирӣ, бо автомашина наомадан ба дарсҳо, истифода накардани телефонҳои мобилӣ ҳангоми машғулиятҳо, риоя кардан ба тозагии синфхонаҳою биноҳои донишкада, эҳтиёткорона ва ғамхорона муносибат кардан ба молу ашёи донишгоҳ ва ҳамарӯза бо тайёрии хуб омадан ба дарсҳо сӯҳбати фаҳмондадиҳии муфассал гузаронида шуд.
Инчунин Сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ Зулолиддини З. оиди раванди иҷрои санҷишу имтиҳонҳо сухан гуфта ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар охири маҷлис донишҷӯён изҳор карданд, ки дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳое, ки дар Паёмашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзӣ ва савияи донишу малакаҳои амалии ҷавонон қайд карданд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло месупоранд ва дар оянда бо руҳияи қавию масъулияти баланд баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Декани факултети фосилавӣ-ғоибона,
Худойназаров М.
Ҳамагӣ калимаҳо - 313