Конфронси илмӣ-адабии байналмилалӣ "Ҳикмати Рӯдакӣ" "
Зиёвиддин Зулолиддини -
Рӯзи 22 сентябри соли ҷорӣ ба муносибати 1161 солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иқдоми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Институти забон ва адабиёт ба номи Аӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар зодгоҳи шоир- деҳаи Панҷрӯд бахшида ба ин санаи фархунда конфронсӣ илмӣ – адабии байналмилалӣ ”Ҳикмати Рудакӣ” баргузор гардид.
Конфронс аз 9 бахш иборат буда , мавзуҳои мубрами адабиётшиносиро фаро гирифтааст:
Бахши 1. Пешвои миллат ва бузургдошти устод Рўдакӣ
Бахши 2. – Баррасиҳои навин оид ба ҳаёти сиёсӣ ва
иқтисодӣ-иљтимоӣ дар замони Сомониён
Бахши 3. – Эҳёи Аљам ва хусусиятҳои он дар асрҳои
Х-XII.
Бахши 4. – Рўдакӣ ва адабиёти классикиву муосир.
Бахши 5. – Рўдакӣ ва забони форсии тољикӣ
Бахши 6. – Рўдакишиносӣ дар Тољикистон ва љаҳон
Бахши 7. – Рўдакӣ ва адабиёти туркизабон
Бахши 8. –Рўдакӣ ва масъалаҳои мубрами таъриху
фалсафа
Бахши 9. – Адабиёт ва фарҳангу ҳунар
Озмуни рассомон ва ҳунармандон дар доираи лоиҳаи
“Роҳӣ бузурги абрешим”
Дар кори конфронс олимону донишмандон, муҳаққиқону адабиётшиносони варзидаи кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ширкат доштанд. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ
ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент профессор Ансорӣ М.Қ. ҳусни оғоз бахшид. Сипас
донишмандони нуктасанҷу нозукбин Абдунабӣ Сатторзода, Алии Муҳаммади Хуросонӣ, Аслиддин Низомов, Мубашири Акбарзод, Шодмон Воҳидов ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзихочаи Маҳмуд, Бобур Аминов, Асрор Шукуров, Баҳора Хуррамова, Дилшода Фарҳодӣ, Гулноза Азизова ва дигарон доир ба
паҳлӯҳои шеъри устоди Аҷам, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо самимияти беандоза суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар назди
нимпайкараи Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, барномаи композитсиякунонидашудаи устодону
шогирдони ДОТП бо як шукӯҳи хоса гузаронида,ба кулли меҳмонон аз номи садорати Донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Конфронс дар сатҳи олӣ таҷлил гардид ва рӯҳи ҳозиринро шод намуд.
258字