ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ТРИМЕСТР
Зиёвиддин Зулолиддини - ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ТРИМЕСТР
1.Триместр бо пешниҳоди қисми
таълим, сардори шуъбаи фосилавӣ ва садорати факултет ташкил карда мешавад.
2.Муҳлати
гузаронидан ва давомнокии триместр тибқи тақвими академии раванди таълим муқаррар карда
мешавад.
3.Зарурати
дар триместр таҳсил
намудани донишҷӯ дар
асоси ҷой доштани ҳолатҳои зерин муқаррар карда
мешавад:
-дар як даври академӣ (ҷамъбасти давраи асосии сессияи имтиҳонӣ) на зиёда
аз ду фанҳои ҳатмӣ баҳои F (ғайриқаноатбахш) гирифтан;
-ҳангоми аз 25 хол паст будани натиҷаи
рейтингҳои 1,2 ва дар ҳамин асос барои супоридани имтиҳони ниҳоӣ иҷозат
нагирифтан;
-насупоридани имтиҳонҳо дар муҳлати
як моҳе, ки тибқи банди
92-и Низомномаи мазкур муқаррар карда шудааст;
-паст будани натиҷаи холи умумии миёнаи бадастоварда (GPA)-и донишҷӯён
нисбат ба холи
умумии миёна (GPA)-и дар банди 56-и Низомномаи мазкур вобаста ба курсҳо муқарраршуда;
-ба таври системанок (зиёда аз 25%) ба дарсшиканӣ роҳ
додан дар машғулиятҳои дарсии ин ё он фанни таълимӣ.
4.Триместр бо назардошти риояи
талаботи зерин ташкил карда мешавад:
-ҳайати гурӯҳҳое, ки ба машғулиятҳои дарсии ин ё он фанни таълимӣ фаро гирифта мешаванд, бояд аз
8 нафар кам набошанд;
-дар ҳолати аз 8 нафар кам будани
донишҷӯён гурӯҳ ташкил карда намешавад ва азхуд намудани барномаи
таълимии фан дар шакли ташкил ва гузаронидани мусоҳиба аз ҷониби омӯзгори фанни таълимӣ бо донишҷӯён ва аз ҷониби онҳо ба таври инфиродӣ аз худ
намудани маводи таълимии фан амалӣ гардонида мешавад;
-сарфи меҳнати омӯзгор дар триместр (ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ дар гурӯҳҳо ё дар шакли мусоҳиба ё машғулиятҳои инфиродӣ иҷро намудани сарбории таълимӣ бо донишҷӯёни қарздор) ба тариқи соатбайъ пардохт мешавад;
-ҳаҷм ва арзиши пардохти соатҳои дар шакли мусоҳиба ё машғулиятҳои инфиродӣ иҷрогардидаи омӯзгор аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.
5.Ба
расмият даровардани триместр бо тартиби зерин сурат мегирад:
-донишҷӯ то
оғози триместр барои иштирок дар он ба маркази бақайдгирӣ (таҳсилоти фосилавӣ) ва машварат ариза пешниҳод
менамояд;
-Маркази бақайдгирӣ (таҳсилоти фосилавӣ) ва машварат дар мавриди ташкили гурӯҳ дар мувофиқа бо
кафедра ному насаби омӯзгорро
муайян карда, ҷадвали
машғулиятҳои дарсии
триместрро тартиб медиҳад.
Пас аз пурра пардохт намудани маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷӯён онро барои тасдиқ ба муовини ректор оид ба таълим пешниҳод
менамояд;
6.Садорати
факултет барои пардохти саривақтии
маблағи таҳсил
дар триместр аз ҷониби донишҷӯёни қарздор
масъул мебошад.
7.Маркази бақайдгирӣ(таҳсилоти
фосилавӣ)
ва машварат аз рӯи натиҷаҳои триместр холи умумии миёна (GPA)-и донишҷӯро
аз нав муайян менамояд.
386字