ТАҲСИЛ ДАР СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ
аз Зиёвиддин Зулолиддини - Системаи таҳсилоти фосилавӣ - ин шакли қулаи омӯзиши таҳсили ғоибона мебошад, аз он ҷумла барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти хондани таҳсили рӯзона ё ғоибонаро надоранд пешбинӣ шудааст. Интернет-технология барои дастрас намудани маводҳои таълимӣ-методӣ ва барои ҳамкории донишҷӯ бо омузгор ба воситаи шабакаи глобалии интернет кор фармуда мешавад. Омӯзиш дар система сифати кори мустакилонаи донишҷӯёнро баланд мегардад, кор бо компютер имконият имконият медихад, ки хисобкунихо бо дараҷаи баланд иҷро карда шаванд. Навиштани корҳои семестрӣ ва истифодабарии маводҳои шабакаи глобалӣ барои омӯзиши чуқури мавзӯъҳо мусоидат мекунад.
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Шаҳри Панҷакент барои роҳандозии ин намуди таҳсил ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Дар донишкада утоқҳои махсус, синфхонаҳои лингафонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, синфхонаҳои лекссионии бо доска электрони муҷаҳҳаз бо дастрасӣ ба шабакаи саросарии ИНТЕРНЕТ барои донишҷӯён пешкаш гардидааст. Донишкада бо бисёр донишгоҳҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои олии пешрафтаи дунё шартномаи ҳамкорӣ дорад. Устодони донишкада имконият доранд, дар ин гуна муассисаҳои олӣ савияи касби худро боло бардоранд.
Ҳамагӣ калимаҳо - 164