ВАЗИФАИ МАҲСУЛОТИ МУЛТИМЕДИА ВА СОҲАИ ТАТБИҚИ ОН
Зиёвиддин Зулолиддини - Пайдоиши системаҳои мултимедиа таѓироти калонро дар чунин соҳаҳо, ба монанди таълим, илм, санъат, тренингҳои компютерӣ, дар бисёр соҳаҳои профессионалии амалиёт, ки асоси дилхоҳ реклама ба ҳисоб мераванд, ба миён овард.
Функсияҳои асосии татбиқи маҳсулоти мултимедиа, ки бо технологияҳои мултимедиа сохта шудаанд, ба ҳисоб мераванд: маркетингӣ, таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, ҳавасмандгардонӣ.
Функсияи маркетингӣ
Мултимедиа-намоишнома – ин на танҳо ролики зебо, иттилоотӣ ва самаранок аст. Ин пеш аз ҳама инструменти маркетинги амалкунанда, ки як қатор масъалаҳоро иҷро менамояд, ба монанди ба расмият даровардани рекламаҳои ширкат ва аксияҳо барои фурўши маҳсулот; хабардоркунии аудитория (истеъмолкунандагон, инвесторҳо) оид ба мол, хизматрасонӣ ва навигариҳо; дастгирии обрўи ширкат тавассути паҳнкунии барандаҳои мултимедиа дар байни мизоҷон ё ки шарикон ба ҳисоб мераваод. Истифодабарии маҳсулоти мултимедиа бо ин мақсад тарзи пешрафти объект дар байни истеъмолкунандагони потенсиалии иттилооти мувофиқ ба ҳисоб меравад.
Намоишномаҳо дар ҳама ҷойҳое, ки намоишнома зарур аст, истифода бурда мешаванд: дар намоишгоҳҳо, дар конфронсҳо, конгрессҳо, тренингҳо ва семинарҳо, гуфтугў ва вохўриҳо бо фармоишдиҳандагон, ҳангоми намоишномаи лоиҳаи инвеститсионӣ ё ки бизнес-нақша, дар сайтҳои амалан ҳамаи ширкатҳо дар намуди каталогҳои маҳсулот ва хизматрасонӣ, аксияҳои рекламавӣ, дар ҳама ҷо, дар он ҷое, ки дар он ҷо иттилоот визуализатсия карда мешавад.
Функсияи таълимӣ
Тренинги компютерӣ раванди асосии таркибдиҳандаи таълимӣ, махсусан дар системаҳои фосилавии таълим ба ҳисоб меравад. Ҳам блокҳои маводи таълимӣ ва тестиронӣ ва ҳам таркибдиҳандаи интерфейсӣ самаранокии таълимдиҳиро ҳангоми бомаҳоратона ба он дохил намудани элементҳои мултимедиавӣ баланд мебардоранд. Дар замони ҳозира курсҳои таълимии мултимедиавӣ соҳаи актуалӣ ва динамикӣ инкишофёбанда ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми сохтани курсҳои таълимӣ талабот нисбат ба эътимоднокӣ ва пуррагии мавод зиёд мешавад.
Функсияи илмӣ-тадқиқотӣ
Воситаҳои мултимедиа дар ин ҳолат дар марҳилаи аз чопбарории натиҷаҳои тадқиқот татбиқ карда мешаванд.
Дар корҳои китобхона, бойгонӣ ва музей барои баҳуҷҷатдарории манбаҳои маводҳо ва нигораҳо дар музей, тартибдиҳии феҳраст ва тасвири илмӣ, автоматизатсияи ҷустуҷў ва нигоҳдорӣ барои нигоҳдории маълумотҳо, иттилооти маълумотдиҳӣ, барои ташкили кори олимон на танҳо тавассути ҳуҷҷат, балки нусхаҳои электронии онҳо, бе воситахои мултимедиавӣ пеш бурдан номумкин аст.
3D-панорамаҳо, панорамаҳои сферикӣ, панорамаҳои виртуалии 360-градусӣ – инҳо панорамаҳое мебошанд, ки тарзи фотореалистии намоиши ҳаҷмии муҳитро дар реҷаи интерактивӣ пешниҳод менамоянд.
Функсияи ҳавасмандгардонӣ
Бисёр филмҳо порчаҳои аниматсионӣ доранд ё ки пурра ҳамин гуна мебошанд. Ҳоло сектори шавқмандкунии Интернет бе компонентҳои мултимедиа тасаввур кардан имконнопазир аст.
Махсусан маҳсулоти барномавии Project Expert – ро қайд кардан лозим аст.
Сардори маркази таҳсилоти фосилавии
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар Шаҳри Панҷакент
Зулолиддини Зиёвиддин
381字