ИСТИФОДАИ МУЛТИМЕДИЯ ДАР РАВАНДИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ
by Зиёвиддин Зулолиддини - Мултимедиа дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла соҳаҳои гуногун маориф ва илм хеле васеъ истифода бурда мешавад. Технологияи мултимедиа (лот. multi – бисёр, media – муҳит) – тарзи пешниҳоди иттилоот дар компютер бо имконияти дар як вақт истифодабарии матн, графика, овоз, видеова эффектҳои аниматсиониро дорад.
Технологияи мултимедиавӣ раванди таълими фосилавиро бой месозад, таълимро самаранок мегардонад.
Имрўзҳо технологияи мултимедиа — ин яке аз самтҳои пешрафти информатикунонии раванди таълим мебошад. Барои ташаккул додани таъминоти барномавӣ ва методӣ, базаи моддӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи техникии устодон, пешрафти бомувафаққияти татбиқи технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон дида мешавад.
Истифодаи мултимедия ва телекоммуникатсия дар низоми таҳсилоти фосилавӣ муносибати нави методиро дар системаи умумии таълим боз мекушояд.
Мултимедиа - ин таъсири байниҳамдигарии эффектҳои визуалӣ ва аудио дар асоси идоракунии таъминоти барномавии интерактивӣ бо истифодабарии воситаҳои ҳозиразамони техникӣ ва барномавӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо матн, овоз, графика, фото, видеоро дар як пешниҳоди сифрӣ муттаҳид месозад.
Татбиқи технологияҳои мултимедиа дар раванди таълим чунин ҷиҳатҳои арзанда дорад:
• истифодабарии графикаи ранга, аниматсия, овоз, гиперматн роҳ дода мешавад;
• имконияти азнавсозии доимиро роҳ медиҳад;
• сарфи на он қадар калонро барои чопкунӣ ва зиёдкунӣ дорад;
• имконияти дар он ҷойгиркунии веб-элементҳои интерактивиро дорад, масалан, тестҳо ё ки дафтари корӣ;
• имконияти нусхагирӣ ва гузаронидани қисмҳо барои иқтибосоварӣ;
• имконияти ѓайри хаттигии гузариши мавод ба туфайли гиперссилкаҳои зиёд;
• гипер алоқаро бо адабиёти иловагӣ дар китобхонаҳои электронӣ ё ки сайтҳои таълимӣ имкон медихад;
Татбиқи технологияҳои мултимедиа дар раванди таълими курси ТИ-ии ҳозиразамон як қатор тарафҳои мусбӣ ва якчанд мушкилиятҳо низ дорад. Масалан ташкили машѓулиятҳо тавассути мултимедиа-технологияҳо бо татбиқи махсус проекторҳо имкон медиханд, ки имкониятҳои таъминоти барномавӣ намоиш дода шавад ва вақт сарфа карда шавад. Аз тарафи дигар талаботҳои иловагӣ барои тайёр намудани маводҳои мултимедиавӣ ва ташкили дарс ба миён меояд.
Истифодабарии технологияҳои мултимедиавӣ раванди таълимро боз ҳам натиҷанок мегардонад. Муваффақияти асосӣ дар он аст, ки шавқу хаваси донишҷўён, тайёрии онҳо ба эҷодиёт, талабот барои ҳосил намудани донишҳои нав ва эҳсоси мустақилӣ дар онҳо баланд бардошта мешавад.
Ҳангоми истифодабарии мултимедиа дар дарс тавассути интерактивӣ, структуризатсия ва визуализатсияи иттилоот, фаъолнокии амалиёти дарккунии донишҷўён ба амал меояд.
Функсияи таълимӣ
Ҳангоми сохтани курсҳои таълимӣ талабот нисбат ба эътимоднокӣ ва пуррагии мавод зиёд мешавад. Соҳаи махсуси татбиқи мултимедиа системаи видеоконфронсҳои шабакавиро дар бар мегирад. Технологияи видеоконфронсалоқаҳо, таълими фосилавӣ ва таъминоти компютерии кори коллективи тақсимшударо дар назар дорад. Дар мамлакатҳои мутараққӣ чунин технология дар амалиётҳои тиҷоратӣ ҳангоми идоракунии истеҳсолот истифода бурда мешавад.
Технологияи видеоконфронсҳо барои форумҳо, семинарҳо, конфронсҳо, конгрессҳо ва ѓ. аҳамияти калон дорад, ки шакли зарурии мубодилаи иттилооти профессионалӣ ба ҳисоб меравад.
Пешафти мултимедиа гуногун аст, соҳаи татбиқи он рўз аз рўз васеъ гардида истодааст, ки бо ин ҷаҳони мо торафт муташаккил гардида истодааст.
Таълими фосилавӣӣ рўз аз рўз инкишоф ёфта истодааст. Технологияи видеоконфронсҳоро барои таълими фосилавӣ ҳам барои баланд бардоштани квалификатсия ва аз нав тайёркунӣ ва ҳам дар донишгоҳҳо истифода бурдан мумкин аст. Видеоконфронсҳо дар таълими фосилавӣ барои ба даст даровардани чунин мақсад истифода бурда мешаванд:
• Таълими пурра гирифтан новобаста аз ҷои зист
• Тренингҳои дур
• Ҳамкории самараноки муассисаҳои гуногуни таълимӣ
Аниматсия – ин раванди тағирёбии андоза, ҳолат, ранг ё ки шакли объект бо гузашти вақт мебошад. Дар ду методи сохтани аниматсия мавҷуд аст - frame bу frame (покадровый метод) ва методи автоматикии сохтани кадрҳои мобайнӣ
Сардори маркази таҳсилоти фосилавии
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар Шаҳри Панҷакент
Зулолиддини Зиёвиддин
524 words