Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
by Зиёвиддин Зулолиддини - Рӯзҳои 14 – 15 – уми марти соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида шуд, ки дар он дар қатори дигар довталабони макотиби олии кишвар донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент низ иштирок намуданд.
Боиси хурсандист, ки дар ин олимпиада донишҷӯи курси 5-юми факултети таърих Юсуфов Муҳаммадҷон сазовори ҷойи 1-юм дониста шуда, бо диплом ва ифтихорномаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуд.
Раёсат, ҳайати омӯзгорону профессорони донишкада донишҷӯёни зикргардидаро бо дастоварди илмӣ, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ насибашон гардид, самимона шодбош гуфта, орзуманди онанд, ки дар фатҳи қуллаҳои навбатии илм, ки воқеан ҳам заҳмати зиёдро талаб мекунад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
116 words