Феҳристи электронии Маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
by Зиёвиддин Зулолиддини - Теъдоди фонди махзанҳои электронии маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 20000 ададро аз рӯи ихтисосҳои гуногун ташкил медиҳад.
Истифодаи китобҳои электронӣ барои донишҷӯёни фосилавӣ ройгон буда, бевосита тавассути логину паролашон ба сомонаи fosilavi.dotpanj.tj ворид шуда аз он самаранок истифода мебаранд.
Аз китобхонаи электронии донишҷӯён маводҳои таълимӣ (лексия, силлабус, дастури методӣ) ва инчунин, китобҳои таълимию бадеиро истифода мебаранд.
Вориднамоии номгўи адабиёт дар барномаи “moodle”, ки аз ҷониби сардори бахши фосилавӣ сурат мегирад. Тамоми адабиёти тозанашри ба шуъбаҳои китобхона воридшаванда саривақт сканер карда ба ин барнома ворид карда шудааст. Барномаи “Moodle” дар дар маркази таҳсилоти фосилавии донишкада нақши феҳристи электрониро иҷро менамояд. Аз ин барнома донишҷӯёни фосилавӣ бе мамоният ба худгирифта метавонанд.
117 words