Ҷамъомад бахшида ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 -2028 дар ДОТ дар ш. Панҷакент
Зиёвиддин Зулолиддини - Имрӯз бо иштироки Шарипов Абдуҳаким -котиби ҳамоҳангсози Шурои вилоятии "Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон" дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ҷамъомад бахшида ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 -2028 доир гардид.
Инчунин дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки “Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст. Бояд гуфт, истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд.”
92字